Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар Осетияи ҷанубӣ мушак мегузорад


Гурҷистон Русияро айбдор кард, ки дар вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ шабакаҳои дифоъи мушакии навъи S-300-ашро мустақар мекунад. Вазири хориҷаи Гурҷистон Григол Вашадзе ба телевизиони “Imedi” гуфт, ин таслиҳотро алакай дар минтақаи Тсхинвалӣ мустақар кардаанд. Маскав дар авоили моҳи равон дар бораи истиқрори мушакҳои S-300 дар Абхозистон, як вилояти дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон низ хабар дод. Тифлис ва бахши аъзами ҷомиаи байналмилалӣ ин ду вилоятро ҷузъи ҷудоинопазири қаламрави Гурҷистон медонанд. Аммо Русия дар пайи ҷанги кӯтоҳи ду сол пешаш бо Гурҷистон истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубиро эътироф кард.
XS
SM
MD
LG