Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷаро дар пойгоҳи нирӯҳои Испания дар Бодғис


Давлати Испания мегӯяд, як пулиси тамрингири афғон дирӯз болои мураббиёнаш тир кушода, ду пулиси испанӣ ва тарҷумони низ испании онҳоро ба ҳалокат расондааст. Мақомоти Афғонистон аммо мегӯянд, ин марди мусаллаҳ дар пайи ҷанҷоле дар пойгоҳи тими бозсозии Испания дар вилояти шимолуғарбии Бодғис аз сӯи нирӯҳои испанӣ кушта шуд.
Ба муҷарради паҳн шудани хабари ин тирандозӣ, садҳо сокини Қалъаинав, маркази вилояти Бодғис ба нишони эътироз дар рӯбарӯи пойгоҳи Испания гирдиҳам омаданд. Шоҳидон мегӯянд, бархе аз девори пойгоҳ убур карда, алайҳи як сохтмони дохили он оташ кушодаанд. Ба гуфтаи як шоҳид, дар натиҷаи оташи ҷавобии нирӯҳои Испания чанд тан аз эътирозгарон захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG