Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷассамаи 12-метрии Туркманбоширо канданд


Дирӯз муҷассамаи 12-метрии Туркманбоширо аз қуллаи Арки Бетарафӣ, як ёдгории 75-метрии мӯҳташам дар маркази Ишқобод канданд. Гуфта мешавад, ки Арки бетарафиро то 20 метри дигар баландтар хоҳанд кард, вале ҷойи ҳайкали Ниёзовро дар қуллаи Арк нишонаҳои 5 қабилаи туркман ва ҳам парчаму нишони миллии Туркманистон хоҳанд гирифт. Ин танҳо иқдоми раҳбари феълии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҷиҳати аз байн бурдани нишонаҳои шахспарастии роиҷ дар даврони пешгузаштааш Туркманбошӣ нест. Қаблан номи рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро, ки Ниёзов бархеашро ҳатто ба номи пайвандони худ гузошта буд, тағйир доданд ва ба ҳамон номҳои қадимааш баргаштанд. Вале бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Бердимуҳаммадов ба ин шева майдонро барои парастиши шахси худ холӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG