Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Петреус: Амрико аз талоши гуфтугӯ бо Толибон ҳимоят мекард


Генерал Девид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон гуфт, аз талошҳои миёнҷигӣ барои музокирот бо Толибон пуштибонӣ мекунад ва Амрико дар мавориди ҷудогона барои пешбурди гуфтугӯ бо чирикиҳо кӯмак ҳам кардааст. Генерал Петреус дар мусоҳиба бо телевизиони “Fox News” гуфт, раванди оғози музокирот бо раҳбарони Толибонро давлати Афғонистон пеш мебурд, вале Амрико ҳам ин равандро аз наздик пайгирӣ мекард.
Петреус гуфт, ҷанги Афғонистон, ба мисли Ироқ, дар заминаи музокирот метавонад анҷом биёбад.
Мақомоти аршади амрикоӣ қаблан батакрор мегуфтанд, ки талоши музокирот бо раҳбарони чирикиён танҳо дар сурате метавонад роҳ биуфтад, ки Толибон шикасти худро дар майдони набард эҳсос кунанд.
XS
SM
MD
LG