Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилаи бомбгузориҳои хунин дар Ироқ


Дирӯз бар асари силсилаи бомбгузориҳои зоҳиран ҳамоҳангшуда дар саросари Ироқ дастикам 50 нафар ҳалок шуданд. Чандин таркиш, бо шумули ҳамлаи интиҳорие, ки 15 кушта ба ҷо гузошт, пойтахти Ироқ, Бағдодро таккон дод.
Инфиҷорҳо дар соъир шаҳрҳои бузурги Ироқ низ рух дода, ағлаб нирӯҳои амниятиро ба ҳадаф доштанд. Мақомот мегӯянд, ин ҳамалот шояд посухи “Давлати исломии Ироқ”, як бахши Ал-Қоида ба хуруҷи нирӯҳои ҷангии Амрико аз ин кишвар бошад.
XS
SM
MD
LG