Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талошҳо барои наҷоти 33 коргар дар Чилӣ


Мақомоти Чилӣ ба 33 коргари бандмонда дар умқи як кони тилову мис гуфтаанд, амалиёти наҷоти онҳо шояд чанд моҳро дар бар бигирад. Вазири беҳдошти Чилӣ Хаим Маналиш гуфт, бандмондагон ин хабарро оромона қабул карданд.
Мақомот то хеле вақт ба далоили равонӣ аз гуфтани ин хабар ба коргарони бандмонда худдорӣ мекарданд.
Ин 33 коргар ҳанӯз рӯзи 5 август бар асари канда шудани як бораи кӯҳ дар зери кон банд монданд. Паёми зинда будани онҳо аз умқи 700-метрии кон фақат баъди 17 рӯз дастрас шуд.
Феълан тавассути як нақби танг ба онҳо ғизову дорувор расонда мешавад, вале кандани нақби бузургтар , ба гуфтаи мақомот, чанд моҳи дигарро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG