Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби ёдбуди Шоиста Муллоҷонова дар Вена


Бино ба гузориши хабаргузории "Азия Плюс", сафорати Тоҷикистон дар Австрия ҳамроҳ бо ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ ва ҷамъияти тоҷикони Австрия ахиран дар Вена шаби ёдбуди овозхони шинохта Шоиста Муллоҷоноваро барпо карданд. Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов дар ин шаби ёдбуд бо таъкиди нақши барҷастаи Шоиста Муллоҷонова дар пешрафти фарҳанги муосири тоҷик гуфт, иҷрои бемисли сурудҳои “Шашмақом” Шоиста Муллоҷоноваро ба як бахши ҷудоинопазири таърихи мусиқии касбии тоҷикӣ табдил додааст. Ин хонандаи маъруфи “Шашмақом”, ки дар авоили солҳои 90 аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч баста буд, рӯзи 26 июн дар синни 84 дар Ню-Йорк аз олам чашм пӯшид ва ӯро дар оромгоҳи минтақаи Лонг-Айленд ба хок супурданд.
XS
SM
MD
LG