Пайвандҳои дастрасӣ

Далер Назаров имрӯз дар Маскав консерт медиҳад


Овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Далер Назаров имрӯз дар Маскав консерт медиҳад. Танҳо консерти ӯ дар пойтахти Русия шоми панҷшанбе дар толори консертии “Мир” дар Тсветной булвар барпо хоҳад шуд.
Далер Назаров дар таронаҳояш мусиқии муосири эстрадиро бо зарбҳои суннатии тоҷикӣ ба ҳам овардааст. Таронаҳои ӯ бар пояи сурудҳои мардуми Бадахшон ва ҳам бар пояи ашъори шоирони маъруфи классикиву муосир, чун Ҳофизу Рӯдакӣ, Румиву Ҳилолӣ ва Лоиқи Шералӣ сохта шудаанд.
Далер Назаров дар филми “Маҳбуб”, сохти “Тоҷикфилм”, ва филми “Ишқҳои Душанбе”-и коргардони эронӣ Мӯҳсини Махмалбоф низ нақшҳои асосиро бозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG