Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони фирорӣ аз кишварҳои ҳамсоя кӯмак хостааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сӯхангӯи вазорати корҳои дохилии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот феълан марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояро зери назорат гирифта, барои ҷилавгирӣ аз убури ин гурӯҳ ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя тадобири ҷиддӣ андешидаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, нерӯҳои хадамоти марзбонӣ дар ҷануби Қирғизистон тақвият ёфтаанд ва дар ҳолати омодабош қарор доранд. Хабаргузориҳо ҳамчунин аз таъсиси ду постгоҳи иловагӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузориш додаанд. Афзун бар ин Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон аз Интерпол барои боздошти маҳбусони фирорӣ дархости кумак кардааст.

Ба навиштаи нашрияи "Известия", чопи Маскав, ахиран хадамоти амнияти Русия, низ бо дахости ҷониби Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи маҳбусҳои фирорӣ шурӯъ кардааст.

25 маҳбус, ки тақрибан ҳамагӣ ба ҷиноятҳои марбут ба терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалкардаҳои зидди давлатӣ муттаҳам шудаанд, шаби якшанбе ба душанбе аз маҳбаси Кумитаи Амнияти Миллӣ, воқеъ дар маркази пойтахт, фирор карданд.

Норавшаниҳои қазия

Бо гузашти се рӯз аз ин ҳодиса ҳануз ҳам ҷузъиёти фирор ва макони будубоши афроди ҷинояткор маълум нест. Мақомоти амниятӣ то ҳол танҳо бо баргузории як брифинги кӯтоҳ иктифо кардаанд ва аз додани иттилои бештар дар ин робита худдорӣ мекунанд. Хабарнигорон ҳодисаро бар пояи ҷумлаҳои нотамоми баъзе манобеъ дар вазоратхонаҳои қудратӣ пайгирӣ мекунанд, ки дурустӣ ва ё нодурустии онҳоро тасдиқ кардан душвор аст.


Ба сурати умум ин ҳодиса даҳҳо суолро ба миён овардааст, ки феълан мақомот намехоҳанд ба онҳо посух бигӯянд.

Барои намуна, агар афроди даст дошта дар амалҳои террористӣ дар ҳуҷраҳои алоҳида ба сар мебурданд, чӣ гуна имкон ёфтанд, ки бо ҳам дар тамос бошанд ва барномаи мураккаби фирорро таҳия кунанд?

Суоли дигар ин аст, ки оё маҳбаси Кумитаи амният, ки дар он маъмулан афроди хатарнок нигоҳ дошта мешаванд, бо дурбинҳои назоратӣ муҷаҳҳаз аст ва оё наворе аз ин ҳодиса дастрас шудааст, ки ба қазия рушноӣ андозад?

Ва суоли дигар, ки оё иттиҳоми бемасъулиятӣ алайҳи ходимони маҳбаси кумитаи амнияти миллӣ ба чӣ маънӣ буд? Манзур хиёнату фасодкорӣ буд, ё бетаваҷҷӯҳиву хоб рафтан ҳангоми иҷрои масъулият?

Пинҳонкориҳо дар таҳқиқи ҳодиса

Як манбаъе дар вазорати қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории Авесто гуфтааст, ки ба думболи куштани чанд тан аз нигаҳбонҳои зиндон, маҳбусҳои фирорӣ боз тақрибан се соати дигар дар дохили зиндон будаанд. Мақомот мегӯянд, танҳо баъди боздошти яке аз онҳо метавон мушаххас кард, ки онҳо ба чӣ кор машғул буданд.

Як манобаи дигар дар вазоратҳои қудратии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо гузашти се рӯз аз ин ҳодиса ниҳодҳои қудратӣ, ҳатто Вазорати корҳои дохилӣ ҳақи дахолат, назорат ва боздид аз маҳбасхонаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро надоранд, бо шумули бозҷӯёни вазорати дохилӣ, ки вазири он раиси ситоди пажӯҳиши ҳодиса таъин шудааст.

Ҳамсӯҳбати мо илова кард, як сабаби норушанӣ дар ин ҳодиса ҳамин аст, ки ходимони Кумитаи амнияти миллӣ дар пажӯҳиши қазияҳо аз шеваҳои хоси худ кор мегиранд, ки яке аз онҳо пинҳонкории аз ҳад беш аст. Агар онҳо ҷузъиёте ҳам дошта бошанд, онро бо ниҳодҳои дигар дар миён намегузоранд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гуфтан душвор аст, ки зиндониҳо дар ҳуҷраҳои алоҳида буданд ё не? Ин ҳуҷраҳо шабонарӯз бо дурбин назорат мешуд ё не? Ҳоло Додистони кишвар аз рӯи ин қазия парванда боз кардааст ва шояд дар сурати дастрасӣ ба ҷойи ҳодиса онҳо битавонанд ҷузъиёт диҳанд, гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тахминҳои коршиносон

Абдулло Ҳабибов, таҳлилгари масоили амниятӣ, мегӯяд, ки мушкил заъфи таҷҳизоти техникии маҳбасхонаҳо нест. Дар ин ҳодиса омили хунукназарӣ ва бо зиндониён робита барқарор кардани яке аз кормандони маҳбасхона будааст. Ба гуфти ҷаноби Ҳабибов, маҳбасхона аз дару деворҳои оҳанин, системаи наворгирии қавӣ муҷаҳҳаз аст. Танҳо ин ҷо низом шикаста шудааст ва низоми назоратӣ дар дохил ва берун вуҷуд надоштааст.

Ба гуфтаи коршинос, дар ҳоле ки дар ҳар як ҳуҷра маҳбасхонаи Кумитаи амният воситаи наворбардорӣ васл шудааст, ин усул имкон медод, ки ҳар як амали маҳбусон зери назорат гирифта шавад. Гузашта аз ин ҳодимони зиндон вазифадоранд, ки ҳар соат дар бораи вазъи маҳбас ба навбатдори боздоштгоҳи Кумитаи амният маълумот диҳанд:

«Як нафар аз маҳбусон, ба фикрам, ба боварии кормандони маҳбас даромадааст ва ҳаррӯз аз камера мебаромадааст, ин ё он супориши онҳоро иҷро мекардааст. Ана ҳамон нафар нақша кашидааст ва онро оҳиста-оҳиста амалӣ кардаанд. Ҳамон нафаре, ки ба инҳо хизмат мекардааст, нозирро зада афтондааст ва калидҳоро гирифтааст ва дигар амалиёт сар шудааст».

Ҷаноби Ҳабибов мегӯяд, ки давлат бояд дар пайи фирори зиндониён масъулини Кумитаи амниятро низ ба истефо мефиристод. Зеро бо фирори зиндониён амнияти давлат ва миллатро ба хатар рӯ ба рӯ кардаанд.

Як мақоми баландпояи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло тамоми нерӯҳои давлат дар пайи боздошти маҳбусони фирорӣ сафарбар шудаанд. Ҳамзамон мақомоти аввал ин ҳодиса ва масъулият ё бемасъулиятии мақомоти зиндони Кумитаи амниятро баррасӣ мекунанд. Ӯ афзуд, ки дар ояндаи наздик имкони тағйиротҳои ҷиддӣ дар сохторҳои амниятиро соқит намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG