Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди афсари пулиси Русия парванда боз шуд


Баъд аз нашри навори видеоии YouTube дар Русия расидагӣ ба парвандаи як корманди пулис оғоз шудааст, ки дар ҷараёни тазоҳуроти 31-ӯми июл дар шаҳри Санкт-Петербург бо чӯбдаст ба сари як фаъоли ҳуқуқи башар мезанад. Кумитаи расидагии шаҳр имрӯз дар эъломияи худ гуфтааст, ки афсари пулис "бидуни ҳеҷ сабаб" ба сари марде зарба задааст. Дар ин навор пулис ба мардуми гирдиҳамомада бо ғазаб муносибат мекунад ва як нафарро боздошт кардааст ва нафари дигарро аз мӯяш дошта, бо чӯбдаст ба сараш мезанад. Аз афсари пулис ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG