Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон аз коргарон $4,8 млн қарздор аст


Ожонси омори вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки то поёни моҳи июн бештар аз 4 миллиону 800 ҳазор доллар моҳонаи коргарону кормандон дар Тоҷикистон пардохт нашудааст. Ба ин маблағ моҳонаҳои пардохтнашуда аз соли гузашта низ дохил мешавад. Бино ба омори ин идора, ҳоло моҳонаи баландтарин дар бахши сохтмон ва пас аз он дар бахши мухобирот ё алоқа ва нақлиёт муайян шудааст. Ба ҳисоби миёна дастмузди якмоҳаи кормандони сохтмон 941 сомонӣ, кормандони бахши мухобирот 916 сомонӣ ва кормндони нақлиёт 801 сомониро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG