Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Виктор Бут ба Амрико мунтазири ҳал аст


Абҳисит Веҷҷаҷива-нахуствазири Таиланд эълон кард, ки истирдоди Виктор Бут-тоҷири аслиҳаи Русия ба Амрико ба таъхир афтодааст. Аз қавли нахзуствазир оварда шудааст, ки гӯё расидагии қонунӣ ба парвандаи вай ҳоло идома дорад. Мақомоти Таиланд пештар гуфта буданд, Виктор Бут, ки дар Амрико барои терроризм вайро муттаҳам медонанд, имрӯз бояд аз зиндоне дар Бангкок ба фурудгоҳ бурда мешуд ва аз он ҷо мақомоти расмии Амрико вайро бояд ба Амрико мебурданд. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико як рӯзи пеш дар бораи ин истирдод гуфт:

"Ин истирдодро мақомоти адлияи Таиланд таъйид кардаанд. Истирдоди вай ба Амрико интизори ҳали худ аст. Мо интизорем, ки вайро дар додгоҳи Амрико бубинем".

Виктор Бут эълон кардааст, ки гуноҳ надорад ва Русия мухолифи истирдоди Бут ба зиндони Амрикост.

XS
SM
MD
LG