Пайвандҳои дастрасӣ

5 шӯришӣ дар Доғистон кушта шудаанд


Мақомоти Русия мегӯянд, дар як тирандозӣ бо нируҳои амниятии ин кишвар дар Доғистон 5 нафари машкук ба шӯришӣ кушта шудаанд. Вазорати дохилаи Доғистон гуфтааст, рӯзи сешанбе вақте, ки дар посгоҳ кормандони пулис дар шаҳраки Хосавюрт дар наздикии Чеченистон хостаанд мошинеро муттаваққиф созанд, мардони мусаллаҳ аз мошин ба сӯи онҳо тир холӣ кардаанд. Дар оташи ҷавобӣ афсарон ва сарбозони посгоҳ ҳамлакунандагонро аз байн бурдаанд.
XS
SM
MD
LG