Пайвандҳои дастрасӣ

"Форбс": Лужков доротарин мақоми расмии Русия аст


Нашри русии маҷаллаи "Форбс" Юрий Лужков -шаҳрдори Маскавро сарватмандтарин шахс дар миёни мақомоти расмии Русия ном бурдааст. Юрий Лужков 73-сола аст ва 18 сол мақоми шаҳрдори Маскавро бар ӯҳда дорад. Мӯҳлати кунунии раёсати вай соли 2011 ба поён мерасад. Нашри русии маҷаллаи "Форбс" даромади хонаводаи Лужковро дар соли 2009 1-миллиард доллар баровард карда буд. Ҳамон сол даромади Елена Батурина-хонуми Лужков 680 миллион доллар дар сол ҳисоб шуд ва вайро доротарин зани Русия эълон карданд. Қарор аст феҳристи нави "Форбс"-и русӣ дар ин бора дар моҳи сентябр чоп шавад.
XS
SM
MD
LG