Пайвандҳои дастрасӣ

Мактабҳои тоҷикии Қирғизистон баста намешаванд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вокуниш ба мақолаи сомонаи Озодӣ роҷеъ ба сарнавишти мактабҳои тоҷикии Қирғизистон мегӯяд, мақомоти қирғиз итминон додаанд, ки ҳеҷ мактаби тоҷикиеро дар он кишвар хатари бастан таҳдид намекунад.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки сафорати Тоҷикистон дар Бишкек матлаби нашрнамудаи Озодиро ба баррасӣ гирифта ва мақомоти ноҳияи Қаросуи Қирғистон гуфтаанд, ки ҳеҷ мақом ва ё шахси алоҳидае кушодани мактаб ва синфи тоҷикиро дар ин ноҳия манъ накардааст. Ва хонандагони синфҳои тоҷикӣ метавонанд мисли пештара ба таҳсилоти худ идома диҳанд.



Дар гузориши хабарнигори Озодӣ дар Бишкек Мирасрорӣ Фарғонӣ дар мавриди қазияи мактабҳои тоҷикӣ гуфта мешуд, ки шӯъбаи маорифи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Қирғизистон, эълон кардааст, ки дар мактабҳои омехтаи қирғизиву тоҷикии ин ноҳия аз ин ба баъд синфи якуми тоҷикӣ ифтитоҳ нахоҳад шуд.

Мақсуда Ҷобирова, як сокини деҳаи Правдаи ноҳияи Қаросӯ ба радиои Озодӣ перомуни ин мавзӯъ гуфт: «Мактаби мо имсол қабули фарзандони мардуми тоҷиктаборро ба синфи якуми тоҷикӣ мутаваққиф сохт. Мудири мактаб эълон кард, ки вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чунин дастур додааст».

Аммо акнун гуфта мешавад, ки чунин сӯи тафоҳум аз бардошти ғалати як мудири мактаб дар Қаросӯ сар задааст ва он тасмими мақомот нест.
XS
SM
MD
LG