Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике аз дохили яхдони вайрона 300 000 рубл ёфт


Бино ба гузориши матбуоти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Холмаҳмад ҳангоми пора кардани яхдони аз истифода баромада аз дохили он 300 000 рубли русӣ пайдо кардааст. Ин яхдонро бо дархости соҳибаш ба майдони оҳанпораҳо овардаанд. Холмаҳмад пулро ба раиси худ додааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ, маълум шудааст, ки соҳиби пул мадре будааст, ки пулро дур аз чашми хонумаш дар яхдони вайрона дар гаражи худ нигоҳ медоштааст. Вале занаш бехабар аз ин пул яхдони вайронаро ба майдони оҳанпора фиристодааст. Ҳангоми баргардонидани пул соҳиби он 4 ҳазор рубл ба Холмаҳмад ҷоиза додааст.
XS
SM
MD
LG