Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодабоши марзбонони қирғиз дар марз бо Тоҷикистон


Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон хадамоти марзбонии Қирғизистонро низ нигарон кардааст. Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, нерӯҳои ин кишвар назорати хатти марз бо Тоҷикистон ва гузаргоҳҳои сарҳадиро шадидтар кардаанд.

Чӯлпонбек Турусбеков, раиси ситоди хадамоти марзбонии назди Кумитаи амнияти Қирғизистон, ба радиои Озодӣ иброз дошт, ки баъди фирори зиндониён аз Душанбе нерӯҳои хадамоти марзбонӣ дар ҷануби Қирғизистон тақвият ёфтаанд ва дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Вай ҳамзамон тазаккур дод, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди ашхоси номатлуб ба қаламрави Қирғизистон марзбонони кишвараш назорати убуру мурури шаҳрвандони ду самти марзро шиддат бахшидаанд.

Ба таъкиди Чӯлпонбек Турусбеков, дар миёни марзбонони қирғиз ва тоҷик дар робита ба авзои умумӣ ва раванди амалиёти боздошти 25 фирорӣ табодули иттилоъ низ ба роҳ монда шудааст.

Бар асоси суханони оқои Турусбеков, даҳ минтақаи наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчун маҳалҳои эҳтимолии муқовимати силоҳбадастон ва нерӯҳои ҳукуматии ду кишвари ҳамҷавор сабт шудаанд. Зеро, гуфт вай, маҳбусони фирорӣ метавонанд маҳз ҳамин минтақаҳои кӯҳиро паноҳгоҳ қарор диҳанд.

Ҷустуҷӯи фирориён дар Тоҷикистон

Дар ҳоли ҳозир, барои боздошти маҳбусони фирорӣ нерӯҳои вазорати умури дохила ва кумитаи амнияти милии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.

Дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва роҳҳои атрофи шаҳр посгоҳҳоро башиддат тақвият додаанд ва тамоми мошинҳоро тафтиш мекунанд. Гуфта мешавад, эҳтимолан ин унсурҳо ҷониби шарқи Тоҷикистон ҳаракат намуда бошад.

Бино ба хабарҳо нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар саросари Тоҷикистон ва инчунин воҳидҳои марзбонӣ дар марзҳо дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд.

Бино ба баъзе гузоришҳо нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ дар шарқи пойтахти Тоҷикистон, дар ҳудуди дараи Ромит ва дар ноҳияи Файзобод 4 мошинеро, ки эҳтимол меравад, маҳбусони фирорӣ аз онҳо истифода кардаанд, пайдо намудаанд. Вале аз маҳалли ҳузури худи маҳбусон маълумоте дар даст нест.
XS
SM
MD
LG