Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Картер-президенти пешини Амрико вориди Пхенян шуд


Кореяи Шимолӣ мегӯяд, Ҷиммӣ Картер-раиси ҷумҳури пешини Амрико имрӯз вориди Пхенян-пойтахти Кореяи Шимолӣ шудааст. Хабаргузории давлатии ин кишвар гуфтааст, дар фурудгоҳи Пхенян аз Ҷиммӣ Картер Ким Ки Гван-раҳбари ниҳоди ҳастаии Кореяи Шимолӣ пазироӣ кардааст. Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, ҳадафи боздиди Картер аз Кореяи Шимолӣ фароҳам овардани заминаи раҳоии Айҷалон Маҳлӣ Гомес- як амрикоиест, ки дар зиндони режими кумунистӣ ба сар мебарад. Аммо Кохи Сафед, вазорати корҳои хориҷаи Амрико ва дафтари худи Картер ҳадафи боздиди Картер аз Кореяи Шимолиро таъйид ё такзиб накардаанд. Гомес моҳи апрел барои вуруди ғайриқонунӣ аз қаламрави Чин ба хоки Кореяи Шимолӣ дар ин кишвар ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG