Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Қазоқистон аз Тоҷикистон боздид мекунад


Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди худ аз Қазоқистон бо Карим Масимов-нахуствазири ин кишвар дидор ва масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кард. Др ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба матбоут хабар додааст. Дар мулоқоти Остона ҷонибҳо хостори фаъолияти густардаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ шудаанд. Дар оянда боздиди Карим Масимов аз Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG