Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон хостори фарохонди ҷавонон аз мадрасаҳои исломӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқоташ бо сокинони ноҳияи Фархор аз аҳолии кишвар дархост кард, ки фарзандони худро аз мадрасаҳои исломӣ дар Покистон бигиранд. Ин дархости вай ба ононе дахл дорад, ки ба таври ғайрирасмӣ фарзандонашон дар мадрасаҳои ҷумҳурии Исломии Покистон таҳсил мекунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханони худ ба ин нукта ишора кард, ки чунин одамон мумкин аст баъд аз хатми таҳсил ба тундрави исломӣ табдил ёбанд ва ба давлати худ хиёнат кунанд. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, ҳоло дар мадрасаҳои Покистон ҳазорон нафар таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG