Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Виктор Бут ба Амрико ба таъхир афтод


Абҳисит Веҷҷаҷива-нахуствазири Таиланд эълон кард, ки истирдоди Виктор Бут-тоҷири аслиҳаи Русия ба Амрико ба таъхир афтодааст. Аз қавли нахуствазир оварда шудааст, ки гӯё расидагии қонунӣ ба парвандаи вай ҳоло идома дорад. Мақомоти Таиланд пештар гуфта буданд, Виктор Бут, ки дар Амрико барои терроризм вайро муттаҳам медонанд, имрӯз бояд аз зиндоне дар Бангкок ба фурудгоҳ бурда мешуд ва аз он ҷо мақомоти расмии Амрико вайро бояд ба Амрико мебурданд. Виктор Бут эълон кардааст, ки гуноҳ надорад ва Русия мухолифи истирдоди Бут ба зиндони Амрикост.
XS
SM
MD
LG