Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҳавопаймо дар Чин 43 кушта ба ҷой гузошт


Як ҳавопаймои мусофирбари дар шимол-ғарбиии Чин пас аз бархурд ба замин дучори оташсузӣ шудааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, чиҳилу се тан аз сарнишинони ин ҳавопаймо кушта ва панҷоҳу ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабарагузории "Ассошиатед Пресс", ҳодиса рӯзи сешанбе рӯй дода, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Ҳанон» бо 91 сарнишин ва 5 халабон дар фазои сабзи наздик ба фурудгоҳи Ленду дучори садама шуд.

Як хабаргузории чинӣ гузориш дода, ки бархе аз мусофирони ин ҳавопаймо пеш аз он, ки оташсӯзи рӯй диҳад, аз ҳавопаймо худро ба берун партофтаанд.

Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ҳавопаймои навъи «Ембраер-190» сохти Бразилия аз маркази вилояти Ючун боло шуда ва ҳудуди як соат баъд дучори ҳодиса шуд.

Шабакаи телевизиюни Чин тасовире аз маъмурони оташнишониро дар ҳоле мухобира карда, ки машғули хомӯш кардани оташ ва ҷустуҷӯ дар миёни пораҳои ба ҷоймонда аз ҳавопаймо ҳастанд.

Гузоришҳо аз он ҳикоят мекунад, ки 43 ҷасад дар соатҳои пас аз ҳодиса пайдо шуда ва 53 тан ҳам захмӣ шуда ба бемористонҳо мунтақил шудаанд. Ҳоли се тан аз ин маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст.

Ширкати ҳавои «Ҳанон» ба таври муштарак тавассути як ширкати чинӣ ва як ширкати ҳавопаймоии амрикоӣ идора мешавад ва дафтари марказии он дар вилояти Ҳанон аст.

Охирин сониҳаи ҳавоии дар Чин дар ноябри соли 2004 иттифоқ афтода буд, ки як ҳавопаймои мусофирбар бо 53 сарнишин, дар дарёчаи яхзада дар наздики шаҳри Баотоу суқут кард, ки бо кушта шудани ду тан мунҷар шуда буд.
XS
SM
MD
LG