Пайвандҳои дастрасӣ

Картер бо як маъмурияти башарӣ ба Корея рафтааст


Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷиммӣ Картер ба хотири раҳоии як амрикоӣ аз зиндони Кореяи шимолӣ Амрикоро ба қасди ин кишвари коммунистӣ тарк кардааст.
Хабаргузории Ёнҳапи Кореяи ҷанубӣ аз қавли як манбаъи дипломатии Амрико навишт, Картери 85-сола ва ҳамсари ӯ тавассути як ҳавопаймои хусусӣ парвоз кардаанд, на тавассути ҳавопаймои низомии Амрико.
Қаблан мақомоти амрикоӣ бидуни бурдани ном хабар доданд, ки Картер ба манзури раҳоии Айхалон Малӣ Гомес ба Кореяи шимолӣ сафар мекунад. Хабари ин сафар аз ҷониби Кохи Сафед, вазорати хориҷаи Амрико ё дафтари Картер расман таъйид нашудааст. Гомес дар моҳи апрел бо ҷурми убури ғайриқонунӣ аз марзи Чину Кореяи шимолӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG