Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди фарзанди чорум дар хонаводаи Камерон


Сарвазири Бритониё Девид Камерон ва ҳамсари ӯ Саманта дирӯз аз таваллуди фарзанди чоруми худ хабар доданд. Сухангӯи кобинаи вазирони Бритониё гуфт, фарзанди нави сарвазир духтар буда, дар рӯзҳои рухсатии ӯ дар Корнволл ба дунё омадааст. Ин дар ҳолест, ки интизор мерафт, ҳамсари Камерон моҳи сентябр таваллуд кунад.
Хонаводаи сарвазири Бритониё то ҳол ду фарзанд дошт. Писари севвуми ин хонавода – Иван соли гузашта дар айни навзодӣ ба далели маризӣ вафот кард.
XS
SM
MD
LG