Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози баҳрабардории Эрон аз кони нафти Ҳангом


Эрон ба истихроҷи нафт аз як кони муштаракаш бо Уммон дар гулӯгоҳи Ҳурмузди халиҷи Форс оғоз кард. Телевизиони давлатии Эрон аз қавли Маҳмуд Зиракчиён, раҳбари ширкати оффшории нафти Эрон хабар дод, ки истихроҷи нафт аз кони Ҳангом шурӯъ шуда, дар рӯз аз ин кон то 7000 бушка нафт кашида мешавад. Зиракчиён гуфт, ин кон дар наздикии ҷазираи Ҳангоми Эрон воқеъ буда, 80 дарсадаш ба Эрон тааллуқ мегирад. Ҷамъи захираи кони Ҳангом 600 миллион бушкаи нафти хом баровард шудааст. Эрон баъд аз Саудия дуввумин тавлидкунандаи бузурги нафт дар ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт, маҳсуб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG