Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Бердимуҳаммадов ва Карзай


Туркманистону Афғонистон, бино ба хабарҳо, ҷиҳати азсаргирии тарҳи мунҷамидшудаи эҳдоси лӯлаи газе, ки мебоист аз чоҳҳои нафти Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон то ба Покистону Ҳинд кашида мешуд, тавофуқ кардаанд.
Рӯзномаи расмии “Нейтралний Туркменистан” навишт, ки руасои ин ду ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Ҳомид Карзай ахиран дар як тамоси телефонӣ аҳд кардаанд, ки моҳи сентябр дар ҳошияи иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк ин мавзӯъро бо ҳам дар миён гузоранд.
Кобулу Ишқобод ҳанӯз дар соли 2002 ҷиҳати эҳдоси ин лӯлаи 1700-километрии газ қарордод бастанд, вале тарҳи мазкур ба далели ба тӯл кашидани ҷанг дар Афғонистон рӯи коғаз монд.
XS
SM
MD
LG