Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди HRW аз ҳатмӣ шудани сатр дар Чеченистон


Дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch (HRW) аз Русия даъват кард, ба қоидаи роиҷ дар Чеченистон, ки пӯшидани сатри исломиро барои занон ҳатмӣ кардааст, поён диҳад. HRW дар баёнияаш гуфт, аз Чеченистон гузоришҳои мутааддиде дарёфт кардааст, ки занон дар шаҳри Грозний ба далели пӯшидани либоси урёнтар таъқиб шудаанд.
HRW мегӯяд, занон дар Чеченистон ҳадафи ин маъракаи нимарасмӣ қарор гирифтаанд.
Мақомоти Чеченистон дар бахши иҷтимоӣ кор кардани занони берӯймолро манъ карда, пӯшидани рӯймол дар мактабҳову донишгоҳҳо низ ҳатмӣ шудааст. Ҳарчанд ин тақозо тавассути қонун эъмол нашудааст, вале таҳти ҳимояти раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров қарор дошта ва иҷрояш шадидан назорат мешавад.
XS
SM
MD
LG