Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Раҳмон аз волидони толибилмони мадорис


Бино ба гузориши хабаргузории русии "Регнум", раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, зимни боздид аз ноҳияи ҷанубии Фархор аз волидони толибилмоне, ки дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ таҳсил мекунанд, даъват кард, то фарзандони худро баргардонанд.
Оқои Раҳмон гуфт, аксар бо умеди таъмини ояндаи хубтари моддӣ фарзандони худро барои таҳсил ба хориҷ мефиристанд, вале бисёри онҳо дар пайи таҳсил дар мадориси хориҷӣ ба равияҳои ифротӣ мегароянд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ талош доранд, таҳсили шаҳрвандони худ дар мадориси исломии хориҷиро зери назорат дароранд. Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсили динӣ донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон ваё рафтан ба хориҷ танҳо тавассути кумитаи динро пешниҳод кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG