Пайвандҳои дастрасӣ

Конвей: Маллоҳон шояд чанд соли дигар бимонанд


Фармондеҳи корпуси баҳрии Амрико генерал Ҷеймс Конвей гуфт, таъмини амният дар Афғонистон ва эҷоди шароит барои хуруҷи маллоҳони амрикоӣ зоҳиран то чанд соли дигарро дар бар хоҳад гирифт. Конвей, ки ахиран аз Афғонистон дидан кард, гуфт, ӯ мехоҳад маллоҳонро ба эҳтимоли аз зарбулаҷали барои соли оянда таъйиншуда убур кардани ҷанги Афғонистон омода кунад. Ӯ афзуд, ки бино ба иттилооти бадастомада, барномаи хуруҷи нирӯҳои Амрико дар соли оянда чирикиҳои толибро рӯҳбаланд кардааст. Конвей нахустин фармондеҳи аршади амрикоист, ки дар пайи аз ҷониби раисиҷумҳур Барак Обама эълон шудани барномаи хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон дар июли 2011 чунин изҳори назар мекунад.
XS
SM
MD
LG