Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз ду сарбози НАТО дар Афғонистон


Имрӯз дар Афғонистон ду сарбози НАТО кушта шуданд. Дар изҳороти ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон гуфта шудааст, ки як сарбози амрикоӣ дар ҷануби кишвар бар асари таркиши бомби худсохт ба ҳалокат расид. Як сарбози дигар, ки ҳуввияташ эълон нашудааст, ҳамчунин дар ҷануби Афғонистон дар задухӯрд бо толибон ҷон бохт.
Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, тайи камтар аз ҳашт моҳи соли равон дар Афғонистон 458 афсару сарбози нерӯҳои байнулмилалӣ кушта шуданд. Соли гузашта Паймони НАТО дар Афғонистон 520 низомии худро талаф дода буд.
XS
SM
MD
LG