Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳе аз занони соҳибкори бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки пӯшиши исломӣ доштаанд, аз амалкарди ахири маъмурияти бозор, ки ба вуруди босатри онҳо ба бозор монеъ шудааст, норизо буда, қасди муроҷиат ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ё додгоҳро доштаанд.

Ба гуфтаи бархе аз занони сатрпӯши тоҷир дар бозори марказии Қӯрғонтеппа, аз бузургтарин фурӯшгоҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон, раҳбарияти бозори мазкур онҳоро ҳушдор додааст, ки аз пӯшиши исломӣ даст кашида, танҳо бо либоси махсуси корӣ ба бозор биёянд. Хонуми соҳибкоре, ки худро Муаззама муаррифӣ кард, мегӯяд, манъи пӯшиши исломӣ аз сӯйи раҳбарияти бозор амали хилофи қонун буда, озодиҳои эътиқод ва виҷдони занони сатрпӯшро маҳдуд мекунад. Вай мегӯяд, гурӯҳе аз бонувони тоҷир бо ҳуқуқдонон машварат анҷом дода, ба ғайриқонунӣ будани ҳушдори мақомот мутмаин шудаанд:

«Ин номумкин ва бар хилофи қонун мебошад. Тағои ман судя мебошад, аз вай пурсидем, тасдиқ кард. Вай гуфт, ки агар бисёр фишор биёранд, занҳои бозорро ҷамъ карда биёед, ин ҷо масъалагузорӣ карда, масъулонро ба ҷавобгарӣ мекашем. Инҳо модару хоҳари маро, ки низ дар бозор соҳибкорӣ мекунанд, «сатрпӯшӣ манъ аст» гуфта, фишор овардаанд. Ҳоло ба ман чизе нагуфтаанд. Аммо сатр фарз аст барои зани тоҷик, барои ҳар зани мусалмон…»

Сарулибоси «ғайримиллӣ»



Ин ҳама дар ҳолест, ки маъмурияти бозори марказии Қӯрғонтеппа мегӯяд, ҳанӯз ҳеҷ тасмими ниҳоӣ ё қатъие дар бораи манъи расмии фаъолияти соҳибкории занони сатрпӯш дар фурӯшгоҳи мазкур гирифта нашудааст. Аммо Ҳайдаралии Шерхон, муовини аввали раиси бозори марказии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, раҳбарияти ҳукумати вилоят ва шаҳр ахиран зимни боздиде аз бозори мазкур ба сарулибоси «ғайримиллӣ»-и занони тоҷир эрод гирифтаанд:

«Раис ба бозор ташриф оварданд ва нисбат ба пироҳани фурӯшандаҳо эрод гирифтанд ва гуфтанд, ки ин либосҳои миллии тоҷикӣ нест, ин либосҳои исломист ва тақлиде ба давлатҳои дигар аст. Эрод гирифтанд, ки дар дохили бозор ҳамин хел соҳибкорон бо ҳамин хел либосҳо нишаста савдо накунанд…»

Ва аммо дар посух ба ин суол, ки «занони тоҷир бояд мушаххасан чи гуна либос ба бар дошта бошанд ва оё соҳибкороне, ки бо пӯшиши исломӣ ба бозор меоянд, муҷозот хоҳанд шуд?», ҷаноби Шерхон, муовини раиси бозори Қӯрғонтеппа, гуфт:

«Соҳибкор бояд зоҳиран аз харидор фарқ кунад. Вай бояд хилъати сафед ва житон таъмин бошанд. Ягон намуд ҷарима ё пешниҳод аз тарафи маъмурияти бозор шудагӣ нест. Мо ба соҳибкорон ҳамин қадар фаҳмондем, ки аз тарафи раиси вилоят эрод гирифта шудааст ва бояд бо ҳамин хел либосҳо дар дохили бозор ба савдогарӣ машғул нашаванд… »

100 сомонӣ ҷарима барои сатрпӯшӣ

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба иддаои тоҷирони бозори Қӯрғонтеппа, агар ҳам маъмурияти бозор фишори зиёд болои кори онҳо намеорад, нафарони алоҳидае, ки худро корманди ҳукумати Хатлон муаррифӣ кардаанд, ба бозор омада, занони тоҷирро ба худдорӣ аз пӯшиши исломӣ даъват кардаанд. Мавлуда Нуралиева, соҳибкори сатрпӯше аз бозори Қӯрғонтеппа, мегӯяд:

Қамариддин Афзалӣ, раиси бахши ҲНИТ дар Қурғонтеппа
«2-3 рӯз пеш ду зан аз ҳукумат омада, гуфтанд, ки тамоман сатр напӯшед. Агар пӯшед, 100 сомонӣ ҷарима мекунем. Тамоман «то рӯзи 5-ум худдорӣ кунед, баъд ҳамааш аниқ мешавад» гуфтанд. Намедонам чиро дар назар доштанд. «Одамони сатрпӯш ҳар кор кардестанд, шумо сатр напӯшед», гуфтанд. Мо сатрро бадар намекунем, ҳамин хел ба бозор мебароем. Сатркунӣ ба савдо чӣ алоқамандӣ дорад, намедонем…»


Бонувони тоҷири сатрпӯш аз бозори марказии Қӯрғонтеппа ҳамчунин ба созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон муроҷиат намуда, хостори мудохила ба қазияи мазкур шудаанд. Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

«Касе ҳуқуқ надорад, ки як шаҳрвандро ҳаққе ки Сарқонуни Тоҷикистон, давлати демократию ҳуқуқбунёд, қоил шудааст, онро манъ кунад. Доираи ҳамин гуна амалҳои манъкунандаи сатру ҳиҷоб, ки норизогии мардумро боло мебарад, аз мак табу донишгоҳҳо акнун ба бозорҳо расид. Ва ман шубҳа намекунам, ки ояндаи наздик тамоми корхонаҳо ҳам ба таври расмӣ занони сарпӯшро манъ кунанд ё ба кор қабул накунанд…»

Муовини муфтӣ: Сатр либоси миллист

Ин ҳама дар ҳолест, ки гурӯҳе аз уламои дин ба ҷонибдорӣ аз тасмими ҳукумат, ки мехоҳад вуруд ё ҳузури занони сатрпӯш дар бозору коргоҳҳо ва муассисаҳои давлатию таълимиро манъ кунад, мегӯянд, сатре, ки аксари кулли занон ҳоло ба бар мекунанд, либоси миллӣ ва хоси зани тоҷик нест. Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд:

«Ҳиҷоби иронӣ ё афғониву арабӣ – ин либоси миллии мо нест. Ва низ сарулибоси аврупоиву ҷопониву русӣ ҳам хоси мо нест. Зани тоҷик аз азал рӯймолакҳои калон ба сар мекард ва рӯймолро аз пушти сар мебаст…»


Бо ин ҳама, гурӯҳе аз занони соҳибкор дар бозори марказии Қӯрғонтеппа, мегӯянд, дар сурати идома пайдо кардани фишорҳо ва манъсозии фаъолияти тоҷирии онҳо бо пӯшиши исломӣ, ҳукумати маҳаллиро ба додгоҳ кашида, аз ҳуқуқи худ дар додгоҳ ҳифозат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG