Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КАМ хостори кӯмаки мардум дар боздошти маҳбусон шуд


Мақомоти Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар аз мардум хостори кӯмак дар ошкор ва боздошти маҳбусони аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии кишвар фироркарда шуданд. Ровиёни телевизион матнеро қироат карданд, ки дар он аз шаҳрвандони кишвар дархост шудааст то дар сурати пайдо кардани иттилоъ дар бораи маҳбусони фирорӣ тавассути телефони 2213737 бо Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар тамос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки шаби душанбе 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо як нозири ин боздоштгоҳ ва чаҳор нозири боздоштгоҳи муваққати вазорати адлияро ба қатл расонидаанд. Миёни фироркардаҳо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон ва ду бародари генерал Мирзо Зиёев, собиқ вазири вазъи изтирории Тоҷикистон, низ ҳастанд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар дараи Ромит, воқеъ дар 35-километрии шаҳри Душанбе, чаҳор мошине ошкор шуд, ки ҳадс зада мешавад, маҳбусон тавассути онҳо пойтахтро тарк намудаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо такя ба шоҳидон хабар дод, ки нимашабӣ афроди ношинос аз як бунгоҳи фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Ваҳдат микроавтобусро рабуда, сӯи дараи Ромит ҳаракат карданд. Айни ҳол тафтиши васоили нақлиёт дар ҳама роҳу шоҳроҳҳои кишвар шадидтар шудааст.
XS
SM
MD
LG