Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд панҷоҳ сар гов бо маблағҳои хайриявии мардуми Лаҳистон дар чаҳорчӯби барномаи «Гови лаҳистонӣ» харидорӣ шудааст. Ин говҳоро ба хонаводаҳои камбизоати ноҳия тӯҳфа кардаанд.

Ҳарчанд ин говҳоро аз бозорҳои маҳаллӣ харидорӣ кардаанд, аммо ҳама онҳоро "гови лаҳистонӣ" меноманд.

"Говҳои лаҳистонӣ" барои хонаводаҳои камбизоат барои се сол дода мешавад. Дар ин муддат соҳибхонаҳо аз шири онҳо истеъмол мекунанд ва гусолаҳои ин говҳо низ моли онҳо хоҳад шуд.

Баъд аз се соли “хизмат” говҳои лаҳистониро ба дигар хонаводаҳои ниёзманди Ашт тӯҳфа мекунанд. Ба ин тартиб 50 гови лаҳистонӣ хонаводаҳои камбизоатро пурбаракат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG