Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи Янукович барои таҳкими истиқлоли Украина


Раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович, дар паёме ба муносибати 19 -умин рӯзи истиқлолияти ин кишвар гуфт, ҳукумати ӯ тамоми корро мекунад, то Украина соҳиби истиқолоияти иқтисодӣ шавад.

Ин 19-умин солгарди истиқлолияти миллии Украина аст ва кишвар дар ин муддат аз шебу фарозҳои зиёде гузашт.

Президент Янукович дар паёми идонаи хеш ҳамчунин гуфт, ислоҳоти низоми адлияро ба ҳадаф хоҳад расонд, то аз ин ба баъд, адлу дод дар кишвар ба қонун, на ба пул ва сиёсат бастагӣ дошта бошад.

Порлумони ин кишвар рӯзи 24-уми августи соли 1991 Украинаро давлати мустақил ва демократӣ эълон кард. Ин ҳодиса шабеҳ ба ҷамоҳири дигари шӯравӣ, пас аз табаддулоти нокоми мухолифони президенти Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваст. Дертар, дар моҳи декабр ин истиқлолият дар назархоҳии умумии мардуми Украина ба тасвиб расид.

"Пояҳои ҳанӯз ноустувори истиқлол"

Дар паёми телевизионии худ ба мардум раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович, гуфт, аммо ҳанӯз ин истиқлолият пояҳои устувор надорад.

"Ҳукумат ҳама корро мекунад, то Украина битавонад, истиқлолияти иқтисодӣ ба даст орад, зеро истиқлолияти иқтисодӣ пойдевори истиқлолияти воқеист. Ҳадаф аз барномаи ислоҳоти ман бунёди давлати аз лиҳози иқтисодӣ мустақили Украина мебошад."

Бисёриҳо дар Украина бар инанд, ки Русия бо истифода аз захираҳои энержии худ ба ҳамсояаш фишор меорад. Муносибатҳои байни ду кишвар дар давраи раёсати президенти ғарбгаро Виктор Юшенко дар солҳои 2005 то 2010 ба сардтарин нуқта расиданд ва ин ҳамчунин давраи рақобати шадиди президент ва шарики собиқаш Юлия Тимошенко буд. Ин рақобат дари кохи раёсатҷумҳуриро ба рӯи Виктор Янукович боз кард, ки дар моҳи феврал дар интихобот пирӯз гашт.

Янукович муносибатҳои кишвараш бо Русияро беҳбуд бахшид. Барои ин мӯҳлати ҳузури ҳарбии Русияро дар Баҳри Сиёҳ ба 25 соли дигар дароз кард. Дар ивази ин Русия нархи газро барои Украина коҳиш дод.

"Истиқлоли зери суол"

Таҳти нуфузи Русия қарор гирифтан Украина истиқлоли ин кишварро зеро суол бурдааст. Тағйири қудрат ҳарчанд бисёре аз дастовардҳои ҳукуматҳои пешинаро аз байн набурда бошад ҳам, онҳоро заъфи ва бетаъсир кардааст. Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, бузургтарин дастоварди Украина дар 19 соли гузашта ҳифзи тамомияти арзии кишвар аст. Хатаре, ки бахшҳои умдае аз Гурҷистон ё Молдоваро ҷудо кард, ба Украина ҳам дар шакли нимҷазираи Қрим таҳдид мекард ва Киев тавонист, аз ин хатар худро наҷот диҳад.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар як паёми видеоӣ истиқлолиятро ба мардуми Украина табрик гуфт ва афзуд:

"Иёлоти Муттаҳида аз замони эълони истиқлолияти Украина дар канори он ва мардуми украин истод ва ба пуштибонияш аз кори шумо барои расидан ба меваҳои демократия ва аз иқболи баланди шумо идома хоҳад дод."

Клинтон ваъда кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо Украина барои ҳимоят ва таҳкими ниҳодҳои демократии Украина, пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди бозори шаффоф ҳамчун пояи эътидолу шукуфоӣ идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG