Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду узви фаъоли Ҷунбиши донишҷӯёни Эрон


Ду узви Иттиҳодияи хатмкардагон – гурӯҳи донишҷӯёни ислоҳотталаби Эрон ахиран дар Теҳрон аз сӯи нерӯҳои амниятии кишвар боздошт шуданд. Дар ин бора Амир Рашидӣ, як узви ин Иттиҳодия ба Радиои Фардо хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Ҳасан Асади Зайдободӣ, раиси гурӯҳи дифоъи аз ҳуқуқи башари “Адвори таҳкими ваҳдат” ва Алӣ Ҷамолӣ, узви Шӯрои марказии ин гурӯҳ, рӯзи 22 август дастгир шудаанд. Ӯ гуфт, ки сабабҳои боздошт ва макони буду боши фаъолони ҷунбиши донишҷӯён маълум нест.
Ҳасан Асади Зайдободӣ моҳи ноябри соли 2009 бо айбҳои “сӯиқасд ба ҳукумат”, “тарғибот алайҳи ҳукумат”, “халалдор сохтани низоми ҷомеъа” ва “таҳқири раисиҷумҳури Эрон” боздошт шуда буд. Ва аммо баъд аз 40 рӯзи боздошт бо пардохти гаравпулӣ маҳбасро тарк карда буд.
Баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ дар моҳи июни соли гузашта теъдоди зиёди фаъолони ҳаракати донишҷӯӣ боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд. Амир Рашидӣ боздошти ахири фаъолони ҷунбиши донишҷӯёнро чун "мавҷи нави фишор болои мухолифини ҳукумат" арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG