Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони куҳансоли ноҳияи Шуғнон хурдсолони ба истилоҳ беадабро аз аждаҳои хуфтаи сари кули Шева метарсонданд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ибораи рехтаи «Шева хоб рафтааст» аз чунин ривоёт маншаъ гирифта, гӯяндагон мутмаъин буданд, ки ин кӯл ягон вақт даҳшати худро зоҳир мекунад.

Кӯли Шева дар 60 километрии шаҳри Файзободи Афғонистон воқеъ аст. Ба гуфтаи котиби аввали намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ, ин кӯл ҳамагӣ 6 километр болотар аз рӯди Панҷ қарор дошта, дар сурати рахна шуд, хисорот ба деҳоти марзии ду кишвари ҳамҷавор яксон хоҳад буд.

Кӯли Шева бедор мешавад?

Дар ҳамин ҳол, ҳайати комиссиюни марзии вилояти Бадахшони Афғонистон дар мулоқот бо намояндагони мақомоти Бадахшони Тоҷикистон дар Хоруғ аз баланшавии бесобиқаи оби кӯли Шева бар асари гармшавии ҳаво ва обхезӣ изҳори нигаронӣ намуда ба манзури омӯзиш ва муаяйн намудани ҳолати кӯл ва хатароти эҳтимолии рахнашавии он, хостори таъсиси комиссиюни муштарак гардид.

Нисор Аҳмадӣ мегӯяд, ки оби кӯл ба андозаи 2 метр боло рафта, гуфтугузорҳо дар мавриди хатароти эҳтимолиро ба бор овардааст.
Ба гуфтаи Нисор Аҳмадӣ, ҳамчунин оби рӯди Арахт, ки аз кӯли Шева сарчашма мегирад, дамида хатари зери сел мондани сокинони деҳоти наздик ба онро ба вуҷуд овардааст.

Роҳбари созмони расидагӣ ба ҳолатҳои изтирории «Фокус» дар Бадахшони Афғонистон Сафдар Зоҳир ба хабарнигори «Озодӣ» гуфт, ки дар робита ба нигаронӣ аз баланд шудани оби Шева онҳо аз кӯл дидан карда, ба хулосае омаданд, ки дар ҳоли ҳозир хатари рахнашавии кӯл мавҷуд нест. Вай изҳор намуд, садди 2 километраи кӯҳ аз хатари рахнашавии кӯл ҷилавгирӣ мекунад.

Сафдар Зоҳир ҳамчунин хатари лабрез шудани кӯлро рад карда гуфт, ки кӯҳҳои гирду атроф Шеваро аз назарҳо пинҳон дошта, аз оби кӯл то қуллаҳо 65 метри дигар аст. Ба фикри вай, танҳо заминларзаи шадид қодир аст, ки кӯлро ба манбаъи хатар табдил диҳад. Роҳбари созмони расидагӣ ба ҳолатҳои изтирории «Фокус» гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хисороти рӯди Арахт дар ҳамкори бо сокинони деҳоти таҳти хатари он, иқдомотеро рӯи даст хоҳанд гирифт.

Кӯли Шева - Сарези кӯчак

Ба гуфтаи коршинос Мирзомамад Ҷонмамадов, Шеваро бо дарозии 14 ва паҳноии 3 километру 300 метр, метавон танҳо ба бачаи Сарез монанд кард. Зеро аз ҷиҳати зарфияти об, Шева аз Сарез ба маротиб кӯчактар ва хатароти эҳтимолиаш камтар аст.

Сафдар Зоҳир мегӯяд, ки тибқи ривоёт номи аслии Шева Бадрулҷамол буда, кӯл 1400 сол пеш дар минтақа арзи вуҷуд кардааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, Сарезро сарбанди сунъӣ, ки бар асари заминларза аз кӯҳ канда шудааст, ба вуҷуд овардааст, аммо кӯли Шева дар шароити табии аз ҷамъшавии оби рӯдҳо пайдо шудааст. Ҳарчанд ривоёти пайдоиши ин кӯлҳо ба ҳам монанд ҳастанд.

Аммо дар Бадахшон айни ҳол мардум бештар на аз хатари эҳтимолии кӯли Шева , балки таъсири он ба авзои ҷавии минтақа ёдовар мешаванд. Ҳангоме, ки якбора шамоли сард бар руй мезанад, мардум онро шамоли мавҷҳои кӯли Шева медонанд ва мегӯянд, ки «Сарез боз талотум дорад».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG