Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба меҳмонсарои маъруфи Могадишо


Дар шаҳри Могадишо, пойтахти Сомалӣ, меҳмонсарои миёни мансабдорони маҳаллӣ маъруф мавриди ҳамла қарор гирифт. Ду нафар, ки гуфта мешавад, мусаллаҳони гурӯҳи “Ал-Шубоб” буданд, сӯи меҳмонсаро оташ кушоданд. Як ҳамлагари дигар худро дар даромадгоҳи меҳмонсаро мунфаҷир кард. Дар ин ҳодиса, ба навиштаи хабаргузориҳо, дасти кам 15 нафар, аз ҷумла, мансабдорони ҳукуматӣ кушта шудаанд.
Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки бар асари ҳамлаи гурӯҳи “Ал-Шубоб” ба ба постгоҳҳои артиш дасти кам 20 тан аз мардуми осоишта ба ҳалокат расиданд.
Сомалӣ 20 сол боз ба саҳнаи даргириҳо табдил шудааст. Ҳукумати аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътирофшуда фақат бархе аз манотиқи Могалишоро таҳти назорат дорад. Аз ин ҳукумат шаш ҳазор низомиёни нерӯҳои посдорони сулҳи Иттиҳодияи Африқо пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG