Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ:Барои рафъи паёмадҳои офат камаш се сол зарур аст


Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, мегӯяд, ки ба кишвар барои аз байн бурдани паёмадҳои обхезии мудҳиш дасти кам се сол зарур аст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Зардорӣ гуфт, ки бояд аз истифодаи ин фоҷиа аз сӯи ошӯбгарон ва бадном сохтани ҳукумат ҷилавгирӣ кард.
Дар ҳамин ҳол дар Вошингтон музокироти раҳбарони Сандуқи байнулмилалии пул бо як ҳайат аз Покистон идома дорад. Масъуд Аҳмад, раҳбари бахши Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ин ниҳоди молиявӣ мегӯяд, ки Исломобод дар рӯ ба рӯи мушкилоти зиёди марбут ба эҳёи манотиқи осебдида қарор дорад ва ҳампаймонҳои байнулмилалӣ талош доранд то ба кишвар кӯмак кунанд. Ба иттилоъи СММ, айни ҳол фақат 70 дар сад аз 460 миллион долларе, ки дар марҳалаи аввал барои Покистон зарур аст, ҷамъ оварда шудаасту халос.
Бар асари обхезии мудҳиш дар Покистон 11 ҳазор деҳкада зери об монда, беш аз миллион манзил тахриб шудааст. Дар ин ҳодиса дасти кам 1600 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG