Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Непал


Дар Непал як ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, нафаре аз 14 мусофир ва сарнишинҳои ҳавопаймо ҷон ба саломат набурдааст. Дар ҳавопаймо чанд шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, чаҳор амрикоӣ ва як ҷопонӣ низ ҳузур доштанд.
Мақомоти тафтишотӣ ҳадс мезананд, ки фоҷиа бар асари ҳавои номусоид ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳавопаймои ширкати Agni Air аз Катманду ба сӯи шаҳри Лукла, ки дар домани қуллаи Эверест ҷойгир аст, парвоз мекард. Ҳадс зада мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ кӯҳнавардҳо буданд ва мехостанд ба қуллаи Эверест бароянд.
XS
SM
MD
LG