Пайвандҳои дастрасӣ

"Ал-Шубоб" боз ба нерӯҳои Сомалӣ ҳамла кард


Дар шаҳри Могадишо, пойтахти Сомалӣ, бар асари задухӯрд миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи “Ал-Шабоб” дасти кам 20 тан аз мардуми осоишта ба ҳалокат расиданд. Мусаллаҳони “Ал-Шабоб”, ки бо гурӯҳи “Ал-Қоида” пайванд дорад, дар баъзе манотиқи шаҳр ба постгоҳҳои артиш ҳамла карданд. Бар асари тирпарронӣ даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Сомалӣ 20 сол боз ба саҳнаи даргириҳо табдил шудааст. Ҳукумати аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътирофшуда фақат бархе аз манотиқи Могадишоро таҳти назорат дорад. Аз ин ҳукумат шаш ҳазор низомиёни нерӯҳои посдорони сулҳи Иттиҳодияи Африқо пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG