Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондуэлл: Афғонҳо баъди як сол омодаи дифоъ мешаванд


Артиш ва полиси Афғонистон ҳаққи аққал то як соли дигар тавони бар дӯш гирифтани масъулияти таъмини амният дар кишварро нахоҳад дошт. Генерали амрикоӣ Уилям Кондуэлл, фармондеҳи як ҳайати НАТО дар Афғонистон, ки ба тамрину омӯзиши нерӯҳои маҳаллии амниятӣ машғул аст, ахиран эълом дошт, ки "ташаккули артиш то моҳи октябри соли оянда анҷом нахоҳад ёфт. Ин маънои онро надорад, ки дар баъзе манотиқ афғонҳо наметавонанд бо кӯмаки нерӯҳои Эътилоф амалиёт доир кунанд. Ва аммо гуфтан, ки онҳо то моҳи октябри соли оянда омодаву комёб хоҳанд шуд, нодуруст мебуд".
ИМА тасмим гирифтааст, ки аз моҳи июли соли 2011 хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистонро шурӯъ кунад. Ва аммо раисиҷумҳур Барак Обама изҳор намуд, ки раванди хуруҷи нерӯҳо бо вазъи амниятӣ дар Афғонистон марбут хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG