Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 12 нафар аз зарбаи мушакӣ дар Покистон


Бар асари зарбаи мушакӣ дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин ҳамла эҳтимолан аз сӯи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ сурат гирифтааст.
Ба иттилоъи хадамоти амниятии Покистон, як мавзеъи таҳти назорати мусаллаҳони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” дар вилояти ҳаммарз бо Афғонистон Вазиристони шимолӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Мақомот ҳалокати чанд тан аз сокинони осоишта дар ин ҳодисаро аз эҳтимол дур намедонанд.
XS
SM
MD
LG