Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи террористӣ дар назди пойгоҳи Русия


Мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон, дар канори пойгоҳи 201-уми низомии Русия, воқеъ дар ҷануби пойтахт, аз як ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ карданд. Ба иттилоъи хабаргузории Азия-плюс, бар асари амалиёти вижа дар шаҳраки “Гипрозем” сокини ноҳияи Восеъ Ҳалим Исоев боздошт шуд, ки бо худ норинҷаки РГД-5, маводи монанд ба тротил ва телефони ҳамроҳи холӣ дошт. Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохила, Исоев мехост норинҷак ва маводи таркандаро тавассути телефони ҳамроҳ мунфаҷир кунад.
XS
SM
MD
LG