Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори 25 зиндонӣ аз маҳбас, аксари ҷавонони тоҷикро ба ёди филми маъруфи хориҷии «Побег» бурда, он дар сархати мақолаҳои блогнависони насли ҷавон қарор дорад ва онҳо аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ҷавонон, чун ин афрод бо ҷурми даст доштан дар амалиёти мусаллаҳонаи террористӣ, экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли гузашта дастгир ва ҳабс шудаанд, метавонанд вазъи кишварро ноором кунанд.

Ҷавонон низ нигаронанд

Эраҷи Амон, як ҷавони тоҷик дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт: "Вакте ки субҳи имрӯз бо тақозои корӣ ба шаҳри Норак сафар доштам, сари чанд километр шумори зиёди кормандони ҳифзи ҳуқуқ, силоҳ дар даст, ҳамаи мошинҳоро манъ карда аз назар мегузарониданд. Ва дидани чунин саҳна беихтиёр дар вуҷуди ҳар нафар эҳсоси тарсро ба вуҷуд меорад".

Эраҷ ҳамчунин афзуд: "Ман аз фирориён хоҳиш мекунам, ки силоҳ дар даст нагиранд ва мардуми осоиштаро натарсонанд".

Мардуми аллакай безобита шудааст, ки магар Тоҷикистон дигарбора ба мисли солҳои душвори дуздиву ғоратгарӣ ва ҷанг бармегардад?

Ҳумайро, мусоҳиби дигари ман мегӯяд: "Баробари шунидани хабари фирори зиндониён, аввалин суоле, ки дар зеҳнаш чархид ин буд, ки чӣ гуна кумитаи амнияти кишвар ба гурехтани на як ва ё ду нафар, балки гурӯҳи калони ҷинояткорон роҳ дод, дар ҳоле, ки шеваи амният ва нигаҳбонӣ дар ин боздоштгоҳи муввақат хеле шадид аст. Тибқи шунидаҳои ман, вақте як нафар мехоҳад ба хеш ва ё ягон наздики худ маводеро бирасонад, ҳатман беш аз чанд соат пушти дари Кумитаи амният мегузаронад.Зеро ворид ва берун шудан аз он ҷо ҷиддан таҳти назорат гирифта шудааст ва аз чанд постгоҳҳо ҳам мегузаранд".

Хатар ба аҳолии осоишта

Мувофиқи баёнияи расмии кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шоми якшанбе 25 зиндонии боздоштгоҳи рақами якуми шаҳри Душанбе бо истифода аз бемаъсулиятии маъмурони боздоштгоҳ ба онҳо ҳамла карда, силоҳи онҳро забт намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи Абдулазиз, яке аз дигар ҳамсӯҳбатони мо, доштани силоҳ ин аллакай хатар ба чони дигарон аст. Абдулазиз мегӯяд: "Новобаста ба он ки баъзеҳо мегӯянд, бархе аз нафарони фирорӣ наздики сӣ сол равонаи зиндон шудаанд ва гӯё бегуноҳанд, аммо ба ҳар сурат аз миёни онҳо ҳадди ақал чанд нафар ҳатман дар ҷиноятҳои мухталиф муҷрим шинохта мешаванд. Ва ин хатар ба аҳолии осоишта аст".

Дар ин замина Фарангис, як ҷавондухтари дигар мегӯяд, Тоҷикистон пас аз ду ҳафта 19 солагии истиқлолиятро таҷлил хоҳад кард ва ӯ андешаи онро, ки дар кишвар боз ҳам фазои ноором ба вуҷуд ояд, аз сараш дур мекунад.

Фарангис афзуд: "Ман ҳамчун як ҷавон аз тақдири худ ва хешу пайвандонам дар ташвишам ва мехоҳам фирориён ҳарчӣ зудтар боздошт шаванд ва барои содир кардани ҷинояташон ҷазо бубинанд".

Саймуддин Дӯстов-коршиноси тоҷик
Заъфи ниҳодҳои амниятӣ


Ин ҳама нигарониҳои ҷавонон дар ҳолест, ки Саймиддин Дӯстов коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, фирори як гурӯҳи бузурги боздоштшудагон, бозгӯи заъфи тамоми ниҳодҳои Тоҷикистон дар баробари ин гуна амалҳост.

Ба гуфтаи Саймиддин Дӯстов: "Дар миёни онҳо нафароне низ ҳастанд, ки аз нигоҳи худи онҳо ва ё аз нигоҳи ҳақиқат шояд худро бегуноҳ мешуморанд ва ноҳақ то ба 30 сол равонаи зиндон шуданд, боиси он шуда метавонад, ки ин нафарон ба ашхоси хатарнок табдил меёбанд. Хоса дар ин шароити сиёсӣ-иҷтимоие, ки имрӯз Тоҷикистон қарор дорад, гурехтани маҳбусон ба обрӯи ҳукумат латма ворид месозад.Ҷинояткорон бояд ҳатман паси панҷара бошанд ва танҳо он гоҳ мардуми кишвар метавонанд нафаси осуда бикашанд. Вале ба гумони ман, фирориён аз кишвар берун хоҳанд шуд ва онҳоро пеш аз ҳама дар гурӯҳҳои Маҳмуд Худойбердиев, қумандонҳо Маҳмуд ва Юнус онҳоро дар марзи Узбакистон интизоранд ва ман фикр мекунам, ки онҳо ба ҳамин самт равона мешаванд".

Дар гузашта низ ҳодисаҳои фирори як ё ду зиндонӣ мушоҳида мешуд, ки ниҳодҳои интизомӣ ба зудӣ онҳоро боздошт ва дубора равонаи зиндон мекарданд. Вале фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳ дар Тоҷикистон бесобиқа будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG