Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ҳонконг аз хатари сафар ба Филиппин


Маъмурияти Ҳонконг ба сокинони маҳаллӣ дар бораи хатари сафар ба Филиппин ҳушдор дод. Ин ҳушдор – вокуниш ба фоҷиаи ҳалокати сайёҳони кишвар дар қазияи гаравгонгирӣ дар шаҳри Манила мебошад. Рӯзи душанбе як корманди собиқи полиси Манила 25 мусофири автобусро, ки аксар сайёҳон аз Ҳонгконг буданд, гаравгон гирифт ва талаб кард, ки ӯро дубора дар мақомаш барқарор кунанд. Дар амалиёти наҷоти гаравгонҳо 8 сайёҳ аз Ҳонгконг ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Одамрабо Роналдо Мендоза низ аз тири полис кушта шуд.
Мақомоти Чин ҳодисаи рӯхдодаро “ваҳшатбор” арзёбӣ карданд. Пекин ҳамчунин аз амали хадамоти махсуси Филиппин интиқод кард. Раисиҷумҳури Филиппин Бенинио Акино ваъда дод, ки ҳалокати сайёҳон ба таври ҷиддӣ ва мӯшикофона таҳқиқ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG