Пайвандҳои дастрасӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом кардааст, ки тавлиди шиноварҳои тундрави ҷадид ва сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Эрон ба нигарониҳои Амрико дар бораи қобилиятҳои низомии Эрон доман мезанад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи душанбе, интишори хабар дар бораи сохти шиноварҳои тундрави ҷадид ва низ ҳавопаймои бидуни сарнишин дар Эронро нигаронкунанда хонд.

Амрико ва ҳамсояҳои Эрон нигаронанд

Рӯзи душанбе Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифоъи Эрон аз сохти як ҳавопаймои қангии бидуни сарнишин бо қобилияти ҳамла ба аҳдофе то дурии ҳазор километр хабар дода буд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар вокуниш ба интишори ин гуна ахбор ба хабарнигорон гуфта аст: «Ин чизе аст, ки боиси нигаронии ИМА ва ҳамсоягони Эрон мешавад».

Ҳар чанд сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико таъкид кардааст, ки ҳар кишваре ин ҳақро дорад, ки барои дифоъи худ таҷҳизоти лозимро таҳия кунад, вале бо ин ҳол вай афзудааст: «Иёлоти Муттаҳида таҷҳизотеро, ки ба сурати билқувва таҳдиде барои кишарҳои хос ё сулҳу субот дар минтақа бошад, таҳти назар дорад».

Вай таъкид кардаст, ки ИМА дар ҳамин росто бо тавваҷуҳ бо афзоиши қобилиятҳои низомии Эрон дар солҳои гузашта «иқдом ба тавсиъаи ҳамкориҳои низомии худ бо соири кишварҳои минтақа кардааст».

Амрико омодаи "гуфтугӯи созанда" аст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунон афзуда аст: «ин яке аз далоиле аст, ки нишон медиҳад чаро Эрон бо идомаи раванди кунунӣ камтар эҳсоси амният хоҳад кард, барои ин ки шумо бо кишварҳое рӯбарӯ мешавед, ки ба манзури муқобила бо қобилиятҳои низомии Эрон ҳар чӣ бештар ба ҳамкорӣ бо якдигар рӯй хоҳанд овард».

Вай дар идомаи суханаш афзуд, ки Вошингтон ҳамчунон омодаи «гуфтугӯи созанда» дар бораи барномаи ҳастаии Эрон аст.

Аз сӯи дигар, эъломи сохти шиноварҳои ҷадид дар санъати дарёии Эрон танҳо чанд рӯз пас аз он анҷом гирифта аст, ки раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон дар вокуниш ба гумонзаниҳо дар бораи эҳтимоли ҳамла ба Эрон таҳдид карда буданд, вокуниши Эрон «ба марзҳои Эрон маҳдуд намешавад» ва ҳатто «курраи замин»-ро ҳам дар бар хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG