Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ахиран рӯйхат ва аксҳои 25 нафар маҳбусеро, ки аз боздоштгоҳи Душанбе фирор намуда буданд, нашр кардааст. Ин афрод шаби якшанбе ба душанбе, баъд аз куштани 5 зиндонбон тавонистанд аз боздоштгоҳи муваққат фирор кунанд. Ҷустуҷӯи ин маҳбусони фирорӣ то ҳоли ҳозир натиҷа надодааст.

Дар ин феҳрист, аз ҷумла, аз Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон ва бародарзодагони Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ном бурда шудааст.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев
соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт ва дар аввали имсол ба Душанбе истирдод шуд. Ӯ дар як моҳи пеш аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ахиран тавассути хабаргузории расмии "Ховар" рӯхат ва акси 25 нафар зиндонии фирориро нашр кардааст.

1. Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, санаи таваллуд 10 марти соли 1980, зодаи шахри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон.
2. Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович, санаи таваллуд 2 марти соли 1960, зодаи ноҳияи Точикобод.
3. Абиев Низами Русланович, санаи таваллуд 18 августи соли 1986, зодаи ноҳияи Табасарински Доғистони Русия.
4. Ҷабраилов Казбек Ҷабраилович, санаи тавалуд 30 марти соли 1986, зодаи Доғистони Русия.
5. Ахмедов Магамед Магомедрасулович, соли таваллудаш 15 октябри соли 1979, зодаи шаҳри Буйнакси Доғистони Россия.
6. Халметов Фурқат Тулаганович, соли таваллудаш 11 ноябри соли 1975, зодаи шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканди Узбекистон.
7. Орифҷонов Баҳром Обидчонович, санаи таваллудаш 02 октиябри соли 1981, зодаи шаҳри Исфара.
8. Маҳмадамир валади Қурбоналб, санаи таваллудаш 1987, зодаи деҳаи Когни улусволии Даркади вилояти Тохири Афгонистон.
9. Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, санаи тавалудаш 1977, зодаи деҳоти Майданодаи улусволии Даркади вилояти Тахори Афгонистон.
10. Бозорали валади Эгамберди, санаи тавалудаш 1969, зодаи дехаи Когни улусволии Даркади вилояти Тахори Чумхурии Исломии
11. Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим, соли тавалудаш 1981, зодаи деҳаи Когни улусволии Даркади вилояти Тахори Афгонистон.
12. Сулейманов Гусейн Шарипович, соли таваллудаш 05 октябри соли 1985, шаҳрванди Федератсияи Россия.
13. Насриддинов Иброҳим Раҷабович, санаи таваллуд 1974, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон.
14. Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 8 июни соли 1975, зодаи ноҳияи Панҷ.
15. Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 24 апрели соли 1972, зодаи ноҳияи Панҷ.
16. Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, соли таваллудаш 15 июли соли 1968, зодаи нохияи Тавилдара.
17. Зиёев Аъзамшо Аҳтамович, санаи таваллудаш 04 декабри соли 1969, зодаи нохияи Панчи вилояти Хатлон.
18. Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 16 январи 1977, зодаи нохияи Дарвози ВМКБ.
19. Алиев Алӣ Магамедович, соли таваллудаш 5 сентябри соли 1983, шахрванди Федератсияи Россия.
20. Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, соли таваллудаш 8 феврали соли 1979, сокини ноҳияи Панч.
21. Хуҷаев Саидисмон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 23 феврали соли 1978, зодаи ноҳияи Панч.
22. Мирзоев Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1 апрели соли 1958, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.
23. Юлдошев Ҳамидулло Абдуғаффорович, санаи таваллудаш 22 апрели соли 1983, зодаи Узбекистон.
24. Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14 октябри соли 1977, зодаи нохияи Тавилдара.
25. Худоёров Мазҳариддин Насриддинович, санаи таваллудаш 1985, зодаи деҳаи Мулло Темури нохияи Точикобод.

Қабл за ин телевизонии Тоҷикистон шоми дирӯз ва субҳи имрӯз акси зиндониёни фирориро ба намоиш гузошта, ному насаби 14 нафар аз онҳоро эълон ва аз сокинон дархости ҳамкорӣ дар амри шиносоӣ ва бодошти онҳоро менамуд.

Дар гузориши Кумитаи амнияти миллӣ аз Насриддинов Иброҳим, зодаи ноҳияи Румӣ, Ахмедов Магомед, шаҳрванди доғистонитабори Русия ва Азизов Ҳикмат, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба унвони созмондиҳандагони фирори зиндониён ном бурдааст.

"Фирор аз маҳбас"

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ зимни нашри як баёнияи матбуотӣ эълон доштааст: "Рӯзи 22 августи соли 2010, соати 22-10 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирони маҳбасхона яроқҳои онҳоро тасарруф намуда, ба онҳо ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа яке аз нозирони маҳбасхона кушта шуда, 25 нафар маҳбусони яроқнок либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз маҳбасхона фирор намуданд.

Соатҳои тақрибан 01-10 дақиқаи рӯзи 23 август ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба дидбонгоҳҳои маҳбасхонаи тафтишотии Вазорати адлия ҳуҷум намуда, 4 нафар нозиронро ба қатл расонида, бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ ба самти номаълум ғайб заданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ баҳри муайян кардани самти ҳаракат ва дастгир кардани ин гурӯҳи ҷинояткор ҳайати шахсии худро ба ҳолати омодабош гузаронида, тадбирҳои бетаъхири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ андешида истодаанд».

Ваъдаи кӯмаки Русия

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба ниҳодҳои зирабти кишвараш дастур додааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд. Шаби якшанбе ба душанбе 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Душанбе баъд аз куштани 5 нафар зиндонбон фирор намуданд.

Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия, гуфтааст, ки Маскав ба мақомоти Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони фироркарда кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ба сохторҳои қудратии кишвар амр кардааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ ва дастгир кардани маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд.

Омодабоши саросарӣ


Дар ҳоли ҳозир, барои боздошти маҳбусони фирорӣ нерӯҳои вазорати умури дохила ва кумитаи амнияти милии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.

Дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва роҳҳои атрофи шаҳр посгоҳҳоро башиддат тақвият додаанд ва тамоми мошинҳоро тафтиш мекунанд. Гуфта мешавад, эҳтимолан ин унсурҳо ҷониби шарқи Тоҷикистон ҳаракат намуда бошад.

Бино ба хабарҳо нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар саросари Тоҷикистон ва инчунин воҳидҳои марзбонӣ дар марзҳо дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд.

Бино ба баъзе гузоришҳо нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ дар шарқи пойтахти Тоҷикистон, дар ҳудуди дараи Ромит ва дар ноҳияи Файзобод 4 мошинеро, ки эҳтимол меравад, маҳбусони фирорӣ аз онҳо истифода кардаанд, пайдо намудаанд. Вале аз маҳалли ҳузури худи маҳбусон маълумоте дар даст нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG