Пайвандҳои дастрасӣ

Салмон Аҳмад, ситораи мусиқии “Рок энд Рол”и покистонӣ бар муқобили ифротгароён ба ном "ҷиҳоди Рок энд Рол” эълон кард. Барои харидани нахустин гитараи электрикиаш, шаш сол дар Амрико ба тамиз кардани тарабхонаҳо ва рӯзномафурӯшӣ машғул буд.

Салмон бори аввал дар консерти ҷавонони боистеъдод дар Лоҳур соли 1982, мусиқии гурӯҳи машҳури Рок Ван Ҳаленро менавохт.

Лаҳзаи сарнавиштсози зиндагии ҳунарманд

Ногаҳон Салмон Аҳмад гурӯҳи ҷавононеро дид, ки бо забони урду дашном дода ба сӯи саҳна меомаданд. Ин нахустин тазоҳуроти ҷумбиши Толибон буд. Баъзе аз ин ҷавонон, духтарони дар толор будагиро маҷбур мекарданд бурқаву чодар пӯшанд, аммо якеашон бо чашмҳои пурғазабу адоват ба саҳна баромада асбоби бо чунин азобу машаққат харидаашро ба замин зада шикаст.

Салмон Аҳмад ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин лаҳзаи сарнавиштсозӣ ҳаёташ буд ва он замон тамоми мафкурааш тағйир ёфт. Ӯ афзуд, ки аз он замон вай ба “идеологияи адоват” ба ном “ҷиҳоди рок энд рол” эълон кард.

“Толибон ва навъи исломи онҳо тамоман ислом нест. Ислом ба касе намегӯяд, ки бояд зан, мард ва кӯдакони бегуноҳро кушт. Ислом тақозо намекунад, ки ягон кас худкушӣ кунад. Ин ҳаром аст. Ҳамин тавр дар ҳоле, ки Толибон ин стратегия хушунат, тахриби мактабҳои духтарона ва куштори мусиқанавозонро думбол мекунад, ман намедонам чи тавр кас метавонад бо чунин мафкура ва рӯҳия розӣ бошад? Барои идеологияи адоват ва терроризм дар ислом ё дар кадом дину мазҳабе, ки набошад дар ин дунё ҷой нест ва ман ба изҳори ин ақида идома медиҳам.”

Баъд аз он, ки гитараи қиматбаҳояшро толибон нобуд карданд, Салмон Аҳмад дастаи рок ташкил карда бо омезиши мусиқии ғарбии рок бо мусиқии шарқӣ ва шеърҳои тасаввуф машғул шуд. Аз ин роҳ, вай мусиқии роки тасаввуфӣ ба вуҷуқ овард.

Вай дар ду дастаи машҳуртарини Покистон ва Осиёи Ҷанубӣ гитар менавохт ва баъд аз ташкили дастаи худаш бо номи “Ҷанун” миллионҳо навор фурӯхт.

Консертҳои Салмон Аҳмад дар майдонҳо ва толорҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна, Аврупо ва Амрико баргузор гардид.
Соли 2007 ба Алберт Гор, собиқ муовини президенти Амрико ҷоизаи Нобел супорида шуд ва Салмон Аҳмад дар ин маросим дар шаҳри Ослои Шветсия мусиқиашро иҷро кард.

Ӯ мегӯяд, ки мехоҳад мусиқиаш мардумро муттаҳид кунад ва исми дастааш “Ҷанун” ҳамчун иштиёқи шадид тарҷума мешавад. Иштиёқ ба мусиқӣ. Салмон Аҳмад дар риштаи пизишкӣ таҳсил кардааст аммо муҳаббат ва иштиёқ ба мусиқӣ ғолиб омад. Вай мегӯяд, ки паёмаш ба ҷавонон ин гӯш додан ба садои дили худ аст. Ва агар шумо ба нависандагӣ, рассомӣ, шоирӣ ё илм майлу шавқ доред пас набояд аз ин садои дил рӯ тофт.

Мусиқӣ марз намешиносад

Салмон Аҳмад нақл кард, ки дар аёми кӯдакиаш, баъд аз шунидани овозхон Сӯфи Қаввол дар як тӯи арусӣ дар Лоҳур ба мусиқӣ иштиёқи бузург пайдо кард.

Ӯ мегӯяд, ки даъваташ ба иттиҳод миёни мардуми гуногунқавм аз тасаввуф ва таърихи хонаводааш сарчашма мегирад.
Модараш пуштунзабон буда падараш аз хонаводаи покистонии Панҷоб аст.

Соли ҷорӣ дар Амрико зиндагиномаи Салмон Аҳмад “Ҷиҳоди Рок энд Рол” ба нашр расид. Дар ин китоб ӯ менависад, дар зиндагияш тасаввуфи исломӣ ва шаҳри 4000-солаи Лоҳур бо фарҳанги қадимааш таъсири бузург дошт.

Аз соли 1975 то соли 1981, падараш дар ширкати ҳавопаймоии Амрико кор мекард ва тамоми оилаашон дар Ню Йорк ба сар мебурд. Дар онҷо Салмон бо эҷодиёти дастаҳои роки Ғарб назири "Лед Зеппелинг", "Эй Си Ди Си" ва "Ван Ҳален" ошноӣ пайдо кард.

Ҳангоми баргашт ба ватан ӯ мехост бо ин шавқу рағбаташ ба чунин мусиқӣ, ҳамватанонашро ошно созад аммо дарёфт намуд, ки Покистон аз ҷониби ифротгароёни исломӣ ба торикистон мубаддал гаштааст.

Дар ин табодулот, Салмон режими генерал Муҳаммад Зиёулҳақро муттаҳам мекунад. Вай мегӯяд, ки ин режим алайҳи фарҳанг ҷанг эълон карда буд ва сабаби ба вуҷуд омадани тундгароёни толибон шуд.

Салмон Аҳмад мехоҳад, ки зиндагиномаашро ба забонҳои урду ва панҷобӣ тарҷума намуда ва дар Покистон паҳн намояд. Аз ин роҳ мегӯяд вай, мехоҳад мардуми кишварашро водор кунад то, ки фарҳангу санъати Покистонро аз ҳамлаҳои ифротгароёни исломӣ дифоъ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG