Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқод аз шеваи вокуниши нирӯҳои амниятии Филиппин


Раисиҷумҳури Филиппин Бенино Аквино ваъда дод, ки мақомот қазияи ҳалокати 8 сайёҳ аз Ҳонгконг дар фоҷиаи гаравгонгирии автобуси сайёҳон аз сӯи як афсари собиқи пулис дар пойтахти ин кишвар, Маниларо ба таври фарогир таҳқиқ хоҳанд кард. Аквино гуфт, ки ӯ ба далели ҳалокати афрод аз шеваи расидагӣ ба ин қазия розӣ нест. Чин ин хунрезиро маҳкум кард ва сафораташ ин ҳодисаро “ваҳшат” номида, аз мақомоти Филиппин хост, замонати амнияти атбоъи Чинро дар замони будубоши онҳо дар қаламрави ин кишвар бидиҳад. Нирӯҳои амниятии Филиппин ба маҳзи сустӣ ва дудилагӣ дар расидагӣ ба фоҷиаи гаравгонгирии дирӯза таҳти танқид қарор гирифтаанд. Снайпери пулис гаравгонгирро танҳо баъди куштани 8 сайёҳ ва захмӣ кардани 7 тани дигар ба ҳалокат расонд. Бино ба хабарҳо, иллати хашми афсари собиқи пулис барканориаш будааст.
XS
SM
MD
LG