Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти нахустин гумонбарон дар дуздии наққошии Ван Гог


Як мақоми аршади вазорати фарҳанги Миср ва 4 мақоми дигари мисрӣ дар робита ба таҳқиқи парвандаи дуздии наққошии беш аз 50-миллиондолларии Винсент Ван Гог аз осорхонаи Маҳмуд Халил дар пойтахти он кишвар, шаҳри Қоҳира, боздошт шудаанд. Матбуоти давлатии Миср гуфт, Мӯҳсин Шаълон, раҳбари бахши ҳунарҳои зебои вазорати фарҳанг барои дастикам 4 рӯз боздошт шудааст.
4 тани дигар, бо шумули чанд посбони осорхона, бо иттиҳоми саҳлангорӣ ва иҷро накардани вазифаи хидматӣ дастгир шудаанд. Наққошии маъруф бо номҳои “Гулҳои лола” ё “Гулдони гулдор”, бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе аз осорхонаи Маҳмуд Халил рабуда шуд.
XS
SM
MD
LG